ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо комиссари олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов баён дошт.
"Сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст" - таъкид намудаст Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаст, ки ҳамкорӣ бо САҲА ошкоро ва созанда ҷараён дошта, ҷониби Тоҷикистон кори Комиссари олиро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунад.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир гардидаст.
Бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ шудааст, омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари тоҷикҳо намояндагони халқу миллатҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд, ки бо забони худ таҳсил мекунанду фарҳангашонро рушд медиҳанд.