Сиёсатшинос: иваз шудани президент дар Туркия ба муносибот бо Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?

Сиёсатшиноси тоҷик назараш дар мавриди таъсири қудратгирии номзади мухолифин дар Туркия ба муносибот бо Тоҷикистонро баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Тоҷикистон ҳар интихоби мардуми Туркияро эҳтиром хоҳад кард ва тасмими киро ба раёсатҷумҳур гумоштан ҳаққи истисноии шаҳрвандони он аст.
Ин нуктаро сиёсатшиноси тоҷик, Сайфулло Сафаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон зимни шарҳи муносиботи Анкара бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сурати пирӯзии номзади мухолифин баён дошт.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи ҳисоби саддарсади оро на президенти феълӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва на номзади мухолифин Камол Қиличдаруғлу натавонистанд беш аз 50%-и овозҳоро соҳиб шаванд ва дар назар аст, 28 май даври дуюми интихобот баргузор шавад.

"Барои Тоҷикистон раъйи мардуми турк муқаддас аст. Киро интихоб мекунанд, ҳаққи худи онҳост. Мо ҳар натиҷаро эҳтиром мекунем. Дар мавриди Осиёи Марказӣ бошад, баъзе нозукиҳо вуҷуд доранд", - гуфт сиёсатшиноси тоҷик.

Вай тавзеҳ дод, ик Эрдуғон консепсияи худро дар бораи таҳкими ҷаҳони туркӣ дар атрофи як пешоҳанг, меҳвар ва муҳаррик дар симои Туркия дошт.
"Мо намедонем, ки рақибони ӯ дар ин масъала чӣ нақша доранд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки сиёсати онҳо бояд ба таҳкими сулҳ, пешрафт ва рушди Осиёи Марказӣ мусоидат кунад", - таъкид намуд Сафаров.
Даври аввали интихоботи президентии Туркия ғолибро муайян накард
Ӯ инчунин бо ишора ба фарқи ками байни рақибони асосӣ, таъкид намуд, ки ташкили интихоботу шумориши овозҳо шаффофу демократӣ ва дар сатҳи олӣ аст.
Дар интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд. Рақиби Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Қиличдароғли 74-сола аз Эътилофи мардумӣ ва Синон Огани 55-сола аз Эътилофи Ато буданд.
Номзади дигар аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихобот аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.
Дар ҳамин ҳол Қиличдароғлу эълон кард, ки ба даври дуввуми интихобот омода аст. Дар ҳоле ки Оган, ки 5,23% овоз гирифтааст, ваъда додааст, ки аз номзади мухолифин пуштибонӣ хоҳад кард, аммо танҳо дар сурати ошкоро аз ҳимояти курдҳо худдорӣ карданаш ин корро анҷом медиҳад.