ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Русия бо кишварҳои мусалмонӣ равобити анъанавӣ дорад ва моро ҳамкориҳои дуҷонибаи наздику эътимодбахш ва ҳамкориҳо хуб дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории исломӣ мепайвандад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар барқияи шодбошии худ ба иштирокчиёни Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт.
"Онҳо (муносибатҳо) бар пояи мушорикат, эҳтиром ба соҳибихтиёрии ҳамдигар ва асолати тамаддунӣ бунёд шудаанд. Моро тааҳҳуд ба ташаккули низоми одилонатари бисёрқутбии ҷаҳон бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳид мекунад".
Владимир Путин афзуд, Маскав барои ҳамкориҳои густурдаи тиҷоратӣ ва башардӯстона бо кишварҳои исломӣ ҳамеша боз аст.
Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳкими равобити барқароршуда ва дарёфти шарикони нав, пешбурди ҳамкориҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва эҷоди масирҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ манфиатдор аст.
Қобили зикр аст, ки анҷумани "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" аз соли 2009 дар пойтахти Тотористон баргузор мешавад.
Бо фармони раисҷумҳури Русия, аз соли 2023 форум мақоми федералӣ гирифтааст. Он рӯзҳои 18-19 май дар Қазон баргузор мешавад.