Путин афзалиятҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро гуфт

Раисҷумҳури Русия дар нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти кишвараш пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бартариҳои назарраси рушдро доранд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Вай дар як нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро баррасӣ намоянд.
.""Ба наздикӣ дар гузашти ҳарбӣ ба ифтихори Ғалаба бар Олмони фашистӣ роҳбарони бисёре аз давлатҳои ИДМ меҳмони мо шуданд. Ин табиист, зеро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашистон маҳз халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пирӯз шуданд", - зикр намуд Путин.
Вай таъкид намуд, ки дар баробари ин дар муносибот бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки як қатор имкониятҳою бартариҳои дигар низ мавҷуданд, ки метавонанд барои рушди иқтисодиёт натиҷаҳои мусбат дошта бошанд.
Кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низомҳои муштараки нақлиётӣ, системаҳои энергетикӣ доранд ва монеаи забонӣ вуҷуд надорад, таъкид намуд президенти Русия.
Лавров бо роҳбарони минтақаҳои Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад
"Маҷмӯи бузурги бартариятҳо, ки ба мо имкон медиҳад, то дар ин фазо самаранок кор кунем. Биёед дар ин бора сӯҳбат кунем, ки чӣ кор кардан лозим аст ва чӣ бояд ба таври иловагӣ анҷом дода шавад, то дар кори муштаракамон ба нафъи бештар барои тараққиятҳои давлатҳоямон ноил гардем", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан мақомоти Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои узви СҲШ-ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷияшон унвон карда буданд.