Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бозсозӣ мешавад

Мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки осорхонаи таърихшиноси номии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 115-солагиаш таъмиру бозсозӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров таъмиру бозсозӣ карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Таъмиру бозсозии осорхонаи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 115-солагии таърихшиноси номии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз​ Осорхона иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа иншоот бо истифода аз санъати меъмории миллӣ навсозӣ гардида, саҳни осорхона бо гулгашту фаввораҳои зебо ороиш хоҳад ёфт.
Қайд карда шудааст, ки айни замон 15 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардида, дар асоси дархост устоҳои халқӣ низ дар навсозии иншоот ҷалб карда мешаванд.
Раиси нави Бобоҷон Ғафуров ваъда дод, ки дар минтақаи Рухак боғҳои нав бунёд мекунад
Таъкид шудааст, ки раиси вилоят барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо тавсияҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафуров муаллифи шоҳасари "Тоҷикон" аст, ки​ бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ин​ китоб​ дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардид ва ҳадаф аз ин иқдом шиносоии бештари ҷомеа бо таърихи пурифтихори халқи тоҷик мебошад.