Мавсими муҳоҷират: Ба Новосибирск ҳар ҳафта ҳазорҳо атбои хориҷӣ ворид мешавад

Бо оғози мавсими савдои кӯчагӣ ва корҳои мавсимӣ дар саҳро, вуруди назарраси нерӯи кории хориҷӣ ба ин минтақаи Русия мушоҳида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ба иттилои Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақа Новосибирск, ба ин минтақа ҳудуди 10 ҳазор муҳоҷир ворид шудааст.
Ҳамин гуна теъдод тақрибан ҳар ҳафта ба ин минтақа ворид мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ бо оғози корҳои мавсимӣ ва савдои кӯчагӣ вориди ин минтақа мешаванд.
Дар ин бора Кирилл Травин, муовини сардори Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Новосибирск дар ҷаласае дар ҳукумат изҳор дошт.
"Дар маҷмӯъ 9 ҳазору 143 шаҳрванди хориҷӣ ворид шуда, 5 ҳазору 392 нафар рафтаанд. Беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ниҳодҳои муҳоҷиратӣ сабти ном шудаанд", - гуфт ӯ.
Травин ҳамчунин қайд кард, ки аз ин шумора беш аз 2,7 ҳазор нафар барои анҷоми фаъолияти меҳнатӣ ба минтақа омадаанд.
Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират дар вилояти Тула пешсаф шуд
Ба гуфтаи вай, дар пасманзари вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 39 ҷойи иқомат ва кори муҳоҷиронро тафтиш карда, аз 107 мавриди нақзи қонунгузории муҳоҷиратӣ ҷилавгирӣ намуданд.
Илова бар ин, муовини сардори Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Новосибирск низ шумори шаҳрвандони хориҷшударо аз Русия номбар кард.
Ҳафтаи гузашта аз ин минтақа 11 нафар хориҷ ва 7 нафари дигар депорт шуданд.