Собирӣ: Шоҳнома барои Эрону Тоҷикистон асари мондгор ва сазовори эҳтироми абадист - видео

Сафири Эрон дар Душанбе ба муносибати рузи посдороии забони фарсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар як паёме мардуми Тоҷикистонро табрик кард
Sputnik
Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёми ба муносибати рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ навишт Фирдавсӣ дар Шоҳнома фарҳанг ва ҳунари эронзамин, динмадори, ватандусти ва ахлоқмадориро ба зеботарин ваҷҳ ба тасвир кашид ва аз ин манзур асари беназир халқ карда аст.
Ёдовар мешавем, ки 25 урдибиҳишт баробар бо 15 май дар тақвими расмии Эрон ба номи рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузори шуда аст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Душанбе пойтахти гулу дилу сухан - видео
Дар паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон омада аст ҳакими фарзонаи Тус ва асари гаронмояш Шоҳнома барои мардуми Эрон ҳамонанди ҳамзабонони Тоҷикистон асари мондгор, гироми ва сазовори эҳтироми абади аст.
Дар ин паём омадааст Фирдавсӣ дар Шоҳнома фарҳанг ва ҳунари эронзамин ва динмадори, ватандусти ва ахлоқмадориро ба зеботарин ваҷҳ ба тасвир кашид ва аз ин манзар Фирдавсӣ асари беназир халқ карда аст.
Зоҳидӣ: Арзишҳои муштарак байни ду кишвар роҳе барои тақвияти ҳамкориҳо аст
Собирӣ дар паёми худ ҳамчунин қайд кардааст, ки сабаби ифтихор аст, ки порсизабонон мафохири арзишманди чун Рудакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавӣ ва ҳакимони ҳамчун Фирдавсиро қарнҳо ба ҷомеъаи башарият арза намуданд.