Маълум шуд, ки "Рӯзи ҷавонон" дар вилояти Суғд кай ва чигуна таҷлил мешавад

Мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки дар "Рӯзи ҷавонон" ҳамоишҳои гуногун, озмунҳо ва конфронс барномаҳои консерти ва дигар чорабиниҳо ташкил карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзи 23 майи соли равон дар вилояти Суғд "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" таҳти унвони "Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!" таҷлил карда мешавад, иттилохъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора ахиран қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар доираи таҷлили "Рӯзи ҷавонон" ташкилу баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон, рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, озмуни Стипендияи Раиси вилояти Суғд миёни муҳассилини муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад.
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон дар пойтахт
Ҳамчунин мақомот ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ дар шаҳру ноҳияҳо, конфронси вилоятии олимон ва муҳаққиқони ҷавон ташкил мекунад.
Инчунин барои ҷавонони вилоят барномаҳои консертӣ дар шаҳру ноҳияҳо, аксияи вилоятии "Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!", шанбегии вилоятӣ, ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ, аёдати ҷавонони бемор ва имконияташон маҳдуд, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, дави миллӣ ташкил карда мешавад.