Мардуми Туркия раисҷумҳур интихоб мекунанд

Интизор меравад, ки муборизаи аслӣ барои курсии президентӣ байни Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Киличдароғлу сурат бигирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва порлумонии Туркия оғоз шуд.
Рӯзи якшанбе дар 81 вилояти Туркия ҳавзаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентӣ ва парлумонӣ боз шуданд.
Онҳо то соати 17:00 ба вакти махаллӣ (бо вақти Маскав рост меояд) фаъолият хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ дар кишвар ва хориҷи кишвар беш аз 191 ҳазор қутии раъйдиҳӣ насб шудааст.
Пас аз анҷоми раъйдиҳӣ аввал овозҳо ба тарафдории номзадҳои президентӣ додашуда ҳисоб карда мешаванд.
64 миллион шаҳрванди Туркия ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия се номзад – раисиҷумҳури феълӣ Таййиб Эрдуғон, номзад аз мухолифин Камол Киличдароғлу ва номзад аз Иттиҳодияи АТА Синан Оган ширкат мекунанд.
Интизор меравад, ки муборизаи аслӣ барои мақоми олии давлатӣ миёни Эрдуғон ва Киличдароғлу сурат мегирад.
Барои пирӯзӣ номзад бояд беш аз 50 дарсади ороро ба даст биёрад, сиёсатшиносони маҳаллӣ дар бораи баргузории ду даври интихоботи президентӣ дар Туркияро мегӯянд.
Дар ин сурат даври дуюм 28 май барпо мегардад. Номзад бо аксарияти оддии овозҳо ғолиб дониста мешавад.
Дар баробари интихоботи президентӣ интихоботи парлумонӣ низ баргузор мешавад. Баро онҳо 36 ҳизб рақобат хоҳанд кард, ки бархе аз онҳо барои афзоиши шонси дарёфти курсиҳои бештар дар порлумон муттаҳид шудаанд.