ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки нерӯҳои ҳавоӣ дар як шабонарӯз дар самти Соледар-Артемовск 24 парвоз анҷом доданд.
“Талафоти сарбозони украинӣ дар ин хати ҷабҳа 400 нафар арзёбӣ мешавад”, - гуфт вазорати дифоъ.
"Дар як рӯзи гузашта ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба ин минтақа 24 парвоз анҷом доданд. Тӯпхонаии гурӯҳ 107 супоришро анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар самти Соледар-Артемовск талафоти умумии артиши Украина дар як шабонарӯз беш 400 сарбозро ташкил додааст. Ҳамчунин артиши Русия 12 танк, 18 мошини зиреҳпуш ҷангӣ, инчунин тӯпи Д-20”, - омадааст дар хабар.
Инчунин ба иттилои вазорати дифои Русия артиш дар ҷануби деҳаи Красное ҶМД ҳамлаҳои гурӯҳи тактикии артиши Украинаро рафъ карданд
“Дар натиҷа душман тақрибан 200 низомии худро талаф додааст”, - афзуд вазорати дифоъ.
"Воҳидҳои бригадаи 4-уми мототирандозӣ дар ҷануби дещаи Красное дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск ҳамлаҳои гурӯҳи тактикии нерӯҳои украиниро рафъ карданд. Дар натиҷа душман ҳудуди дусад нафар низомии худро кушта ва захмӣ дод", -илова кард вазорати дифои Русия.