ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар Русия қасд доранд мизони ҷалби муташаккилонаи хориҷиёнро ба кор афзоиш диҳанд. Ин яке аз самтҳои сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Русия гардид.
Президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи ислоҳи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират имзо кард. Ҳуҷҷат дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, ба ин тартиб, дар назар аст, шумори муҳоҷироне, ки ба фаъолияти корӣ дар Русия ҷалб мешаванд, афзоиш ёбад.
Дар назар аст, ки инфрасохторҳои иттилоотии идораи давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, ки танзими гардиши шаҳрвандони хориҷиро таъмин хоҳанд кард. Барои амалӣ намудани назорати давлатӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, аз ҷумла меҳнат, мақомот ният доранд, технологияҳои муосирро ҷорӣ кунанд.
Мониторинг инчунин барои арзёбии эҳтиёҷоти бозори меҳнати Русия ба қувваи корӣ гузаронида мешавад. Қаблан маълум шуд, ки ҳудуди 800 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ наметавонанд ба Русия барои кор ворид шаванд.
Маҳдудиятҳо тавассути Хадамоти федералии иҷрои ҷазо, Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия, Роспотребнадзор, Агентии федеролии тиббию биологӣ ва Хадамоти федеролии гумрук ҷорӣ карда шудаанд.