ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бонки исломии рушд (БИР) барои иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон 450 млн доллар ихтисос медиҳад.
Дафтари матбуоти вазорат хабар медиҳад, ки дар мулоқоти ҳайат таҳти сарварии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷасур дар шаҳри Ҷидда чунин тавофуқ ҳосил шуд.
"Бар асоси натоиҷи музокирот, Бонки исломии рушд ихтисоси беш аз 450 млн доллар барои иҷрои тарҳҳои афзалиятнок дар Тоҷикистонро пешбинӣ кардааст", - омадааст дар гузориш.
Ҷонибҳо рушди соҳаҳои иқтисод, аз қабили энергияи сабз, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бунёди роҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, обёрии заминҳои кишт, бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва марказҳои логистикӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва баланд бардоштани иқтидори бахши хусусиро баррасӣ намуданд.
"Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд кардани маблағгузории лоиҳаҳо дар ин соҳаҳо ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуд", - қайд мекунад хадамоти матбуоти вазорат.
Қаблан гурӯҳи Бонки исломии рушд барои тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон 641 млн доллар, аз ҷумла дар соли 2023 барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 150 млн доллар ҷудо карда буд.
Раиси ин бонк гуфтааст, ки дар моҳҳои май-июн як ҳайъати Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон дидан карда, иҷрои чанд тарҳро баррасӣ хоҳад кард.