Талаботи Аврупо: Бархе корҳо барои занон дар Тоҷикистонро манъ кунед

Дар вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифода меҳнати занон манъ карда мешавад баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ахиран дар вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории байниидоравӣ дар бораи иҷрои тавсияҳои Иттиҳоди Аврупо барои шомилшавии Тоҷикистон ба низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ дар ҷаласа масъалаи мазкур таҷдиди назар намудани “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифода меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо дар робита ба ворид гардидани техника ва технологияи нав ба истеҳсолот ва сабук гардидани як қатор корҳои ба рӯйхати болозикр шомилшуда пешниҳод намуданд, ки рӯйхати корҳое, ки дар он меҳнати занон манъ карда мешавад, дар асоси пешниҳоди асосноки вазорату идораҳои дахлдор кам карда шавад.
Маълум шуд дар Маркази “Сахарово” чанд муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешавад: Занон ҳам ҳаст
Ба гурӯҳи корӣ кормандони пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ, марказҳои бемориҳои касбӣ, коршиносон ва машваратчиён шомил буда, дар назар аст, ки масъала мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирад.
Зикр гардидааст, ки хулосаи ниҳоӣ бо асосноккунӣ унвонии Ҳукумати Тоҷикистон омода ва пешниҳод хоҳад шуд