ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Чин хоҳад буд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки тақвими қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, аллакай мушаххас шуд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" қарор гирифт. Рақибони тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби кишвари мизбон - Қатар, Лубнон ва Чин хоҳанд буд.
Бозии ифтитоҳии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё рӯзи 13 январ бо Чин дар назар аст.
Тими Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт рӯзи 17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими Қатар нерӯсанҷӣ мекунад.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 январ бо дастаи Лубнон вориди майдон мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешавад.
ФФТ тавзеҳ дод, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 роҳ меёбанд. Финали ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллии минтақа 10 феврали соли 2024 дар Қатар дар назар аст.