Рақиби Баҳодур Усмонов дар нимфинал кист? Ваъдаи муштзани тоҷик ба мухлисон

Муштзани тоҷик мегӯяд, дар нимфинал рақобати ҷадид интизораш асту бо тамоми нерӯ талош хоҳад кард то финали чемпионати ҷаҳон бирасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Варзишкори тоҷик, Баҳодур Усмонов дар нимфинали қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс дар вазни 63,5 кило дар Тошканд бо муштзани муғулистонӣ, Чинзориг Баатарсух нерӯ месанҷад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин зӯрозмоӣ дар қисмати шомгоҳии 12 май дар назар буда, Усмонов, ки ягона намояндаи тоҷик дар ин мусобиқа мондаст, барои финал зӯр меозмояд.
Рақиби Усмонов аз Муғулистон Чинзориги 31-сола, қаҳрамони чандинкаратаи кишвараш мебошад.
Муштзани муғул ду бор дар Бозиҳои олимпӣ солҳои 2016 ва 2020 иштирок кардааст, аммо ба гирифтани медал ноил нашуд. Аммо дорандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиё дар солҳои 2018 ва 2017 ва биринҷӣ дар солҳои 2019, 2022 мебошад.
Баҳодур Усмонов дар арафи сабқати нимфиналлӣ аз мухлисонаш миннатдорӣ карда, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид намудаст, ки "Худо хоҳад дар пеш финал".
Рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон барои ҷудокорони тоҷик бенишон анҷом ёфт
Ман бо тамоми нерӯ мубориза хоҳам бурд, ваъда додааст муштзани тоҷик ба мухлисонаш.
Ахиран Асрор Воҳидов дар зери вазни 57 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили муштзани қирғиз Мунарбек Сеитбек Уулу нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон шикаст хӯрд.
Муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев низ дар вазни то 92 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани итолиёвӣ, Азиз Аббос Муҳиддин бо ҳисоби 0 бар 5 мағлуб шуд. Некрӯз Салимов дар вазни то 75 кг низ натавонист ба даври нимфиналӣ барояд.
Намояндагони дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Меҳрон Шафиев (48 кг), Абубакр Муродзода (60 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Негматуллоев (80 кг), Меҳроб Ҳомидов (51 кг) , Меҳроҷ Зоидов (54 кг), Парвиз Каримов (86 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) шикаст хӯрданд.