Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кори "Аллигатор”- ҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижа – видео вазорати дифоъ

Халабонҳои чархболҳои "Ка-52"-и артиши Русия макони мустақар будани низомиён ва техникаву зиреҳпушҳои душманро несту нобуд мекунанд
Sputnik
Вазорати дифои Русия видеои кори халабонҳои чархболҳои ҷангии Ка-52 ("Аллигатор") дар ҷараёни амалиёти вижаи низомиро нашр кард.
Дар рафти иҷрои амалиёти ҷангӣ халабонҳо ба нуқтаҳои мустаҳкамшудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мушакҳо партоб мекунанд.
Дар натиҷаи истифодаи чархболҳои ҷангӣ маркази идораи душман ва техникаҳои зиреҳпуш нобуд карда шуданд.
Лавров: амалиёти Русия тибқи оинномаи СММ сурат мегирад
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим ва дигар ҳамлаҳо ба инфрасохтори ғайринизомӣ дар Русия, Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пайваста ба саноати дифоъ, фармондеҳии низомӣ, иртиботот ва энержии Украина зарба мезананд.