Аз иқтисод то фарҳангу тандурустӣ: Расулзода бо Орипов дар Тошканд чиро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Тошканд, ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат дар ҳайатҳои маҳдуд доир шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар ҷаласа ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба сатҳу сифати ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло ҳам имкониятҳои истифоданашуда зиёданд ва бояд онҳо истифода гарданд.
Ҷонибҳо дар ин ҷаласа изҳори умедворӣ карданд, ки робитаҳои дуҷонибаи судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар оянда низ марҳилаҳои рушду тавсеаи бештарро фаро хоҳанд гирифт.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.
Дар охири ҷаласа протаколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Мирзиёев ба Расулзода: Тиҷорати мутақобил миёни ду кишвар дар ҳоли рушд аст
Ҳамчунин Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нуқтаҳои сарҳадгузари "Фотеҳобод"-"Ойбек" ва Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода барои иштирок дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба Ӯзбекистон сафар намуд.
Пеш аз оғози ҷаласа сарвазири Тоҷикистон бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард.
Дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунсамт, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Узбекистон ва Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Зимни мулоқот ба татбиқи лоиҳаҳои самарабахш дар соҳаҳои савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.