ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Яке аз рақибони аслии раисҷумҳури феълии Туркия аз номзадии худ дар интихоботи оянда даст кашид.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Туркия ва раҳбари ҳизби "Мамлакат" Муҳаррем Инҷе мавҷи туҳматҳоро, ки дар маъракаи интихоботӣ бар ӯ заданд, сабаби ин амали худ номид.
Вай гуфт, давоми рӯзҳои маъракаи интихоботӣ саргузаштҳоеро аз сар гузаронд, ки дар тамоми умураш надидааст. Ба гуфтаи ӯ, афроди номаълум аксҳои қалбакии дорои хусусияти маҳрамона бо ӯ дар нақши асосиро дар интернет паҳн кардаанд. Ҳамчунин интиқолҳои бонкӣ ба номи наздиконашро аз куҷое овардаанд.
Инҷе изҳор дошт, ки зери фишори чунин туҳматҳо тасмим гирифт, аз интихобот даст кашад.
Баъди ақибнишинии яке аз номзадҳо, акнун се сиёсатмадор барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар Туркия рақобат хоҳанд кард. Дар ин феҳраст раисиҷумҳури феълӣ, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, номзад аз 7 ҳизби мухолиф Камол Қиличдаруғлу ва номзади эътилофӣ Ато Синон Оган мебошанд.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, натиҷаи назарпурсиҳо дар мавриди барандаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғонро пешгӯӣ мекунанду қисми дигар пирӯзияшро.
Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад.
Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд. Даври дуюми интихоботи президентӣ, дар сурате агар ягон номзад 50 дарсади овозҳоро ба даст наорад, рӯзи 28 май таъин шудааст.