ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Масъалаи сармоягузорӣ ба бахши энергетикии Тоҷикистон миёни вазири иқтисод ва савдои кишвар Завқи Завқизода бо Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ Доктор Абдулҳамид Алхалифа баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ин мавхуъ ахиран зимни вохӯрии Вазири тоҷик бо Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Ин мулоқот дар доираи иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 - 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ дархост гардид, ки Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ дар соҳаҳои энергетика, бахусус сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ маблағгузорӣ намояд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллии кишвар баён намуданд.