Бонки русӣ интиқоли пул ба Тоҷикистонро бо рақами телефон имконпазир кард

Дар соли 2023, бонк нақша дорад, ҳисоббаробаркуниҳои дигарро, тавассути пайваст кардани чанд кишвари дӯст ба сервер тақвият диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бонки ВТБ-и Русия имкони интиқоли пул ба Тоҷикистонро тариқи рақами телефон имконпазир кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин бонк хабар додааст.
Дар баробари Сбербанк, МТС-Банк ва Тинкофф, ин намуди хизматрасонӣ барои муштариёни ВТБ низ дастрас шудааст.
ТАъкид шудааст, ки муштариён имкон доранд дар як рӯз то 50 ҳазор рубл интиқол диҳанд, маблағии ҳадди ниҳоии иҷозатдодашуда дар як моҳ 300 ҳазор рублрот ташкил медиҳад.
Интиқол фавран анҷом дода мешавад. Ҳаққи хизматрасонӣ 0,5% аз маблағи умумиро ташкил медиҳад. Тавре, ки бонк зикр кардааст, хидмат хизматрасонӣ тавасути “ВТБ онлайн” дастрас аст.
Русия
Интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи рекордӣ расид
То охири сол ин ниҳоди молӣ тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми умумии чунин интиқолҳоро ба 1,5 миллиард рубл расонад.
Инчунин қайд карда мешавад, ки Бонк интизораст боз чанд кишвари навро ба ин навъи хизматрасонӣ пайвандад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки интиқоли пул аз Русия ба як қатор кишварҳои пасошӯравӣ чанд маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми рекордии интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба қайд гирифта шудааст.