ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Масъала сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир дар мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо роҳбари нави Барномаи рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ хонум Сара Купер ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тимоти Ҷонс баррасӣ шуд.
Дар ин бора афтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи соддагардонии раванди интиқоли қувваи корӣ ба Бритониё ибрози ақида карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 13-уми феврал хабар доданд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират гуфт, коргарони тоҷик барои шаш моҳ ба Бритониё фиристода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар Бритониё асосан дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, сафири Бритониё дар Тоҷикистон гуфта буд, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳақ доранд, танҳо шаш моҳ ва дар бахши кишоварзӣ дар кишвараш кор бикунанд.
Вай шумораи дақиқи муҳоҷирони тоҷикро нагуфт. Аммо тахмин зад, ки эҳтимол "ҳазорҳо нафар" ҳастанд. Мегӯяд, баъзе аз муҳоҷирон аз Русия рафтаанд.