ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ахиран дар як паёми видиои сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати толибҳо Афғонистон Ҳабибуллоҳ Оғо гуфт, ҳар замоне, ки шароити таҳсил ва омӯзиши занон ва духтарон мусоид шавад, барои духтарон иҷозаи таҳсил дода хоҳад шуд, иттилоъ додааст "Родио дарӣ".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Антониу Гутерреш Дабирии кулли Созмони Миллал дар гузорише ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид гуфта буд, ки толибҳо Афғонистонро ба танҳо кишваре дар ҷаҳон табдил карда, ки таҳсили духтарон дар он манъ аст.
Дар ҳамин ҳол муовини ҳайати Созмони Миллал дар Афғонистон бозгӯшоии комили мактабҳои духтарона дар Афғонистонро хостор шуд.
Толибон баъд аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ҳаққи кору таҳсил аз занону духтаронро гирифтанд.
Намояндагони гуруҳ мегӯянд, азбаски духтарони афғон дуруст ҳиҷоб намепӯшиданд ва бо марди маҳрам ба донишгоҳ намеомаданд, аз ҳаққи таҳсил маҳрум карда шуданд.
Қаблан дабири кулли Иттиҳодияи Ҷаҳони Ислом аз мухолифати уламои аршади ҷаҳони ислом ва донишгоҳҳои фиқҳӣ бо мамнуияти кор ва омӯзиши духтарон дар Афғонистон хабар дод.