Ширкати “Оби Зулол” омодааст аз деҳқонон беш аз 25 ҳазор тонна меваҳои гуногун харад

Ширкати "Оби Зулол" эълон кардааст, ки омодааст бо боғдорон ҳамкорӣ намояд ва 25 ҳазор тонна меваҳои гуногунро қабул ва коркард кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ширкати “Оби Зулол” дар мавсими имсола қабули меваро оғоз намудааст ва эълон кардааст, ки корхона метавонад аз боғодорон меваҳоро харидорӣ ва коркард намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Масъулиини ин ширкат дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтанд, ки дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, дар соли равон қабули мева оғоз гардидааст.
Ширкати иттилоъ додааст, ки ҳамарӯза аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки иқлими нисбатан гарм дорад, зиёда аз 20 тонна зардолу қабул карда шуда, дар назар аст, ки соли равон 5 ҳазор тонна зардолу коркард гардад.
Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи содироти сабзавот, мева ва хушкмева
“Корхона имсол дар маҷмуъ беш аз 25 ҳазор тонна меваҳои гуногунро қабул ва коркард хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, боғдорони вилоят метавонанд барои ҳамкорӣ ба корхона муроҷиат намуда, меваҳои худро фурӯшанд”, - таъкид кардааст манбаъ.​ ​ ​
Бояд гуфт, ки корхонаи маъруфи "Оби зулол"​ соли 2000 мавриди истифода қарор дода шуда, яке аз корхонаҳои калонтарини саноатии шаҳри Истаравшан ба ҳисоб меравад.
Масоҳати умумии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" 10 гектарро ташкил медиҳад.​ Самти асосии фаъолияти ҷамъият истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли мураббо, афшураҳои мевагӣ ва истеҳсоли ғизои кӯдаконро дар бар мегирад.