ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазифаҳои амалиёти вижаи Русия, пеш аз ҳама, таъмини амнияти сокинони Донбасс, қисман иҷро шудаанд, вале душманро ҳанӯз ба ақиб тела додан лозим аст.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо шабакаи ATV-и Ҷумҳурии Сербии Босния ва Ҳерсеговина изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, амалиёти вижаи Русия дар Украина идома хоҳад ёфт.
"Дар ибтидо, ҳанӯз 24 феврали соли гузашта президенти Русия (Владимир Путин) гуфта буд, ки пеш аз ҳама амнияти мардуми муқими Донбасс таъмин карда шавад. Он одамоне, ки ҳашт соли тӯлонӣ зери тӯпи давлати худ зиндагӣ мекарданд. Дар зери он тирбороне, ки барои Ғарб ғайри қобили аҳамият буд",- гуфт ӯ.
Песков тавзеҳ дод, ки ин вазифа қисман ҳал шудааст, аммо "мо то ҳол аз он дур нестем, ки онро пурра анҷом диҳем."
Вай таъкид кард, ки тирпарронии системаҳои оташфишон, бомбаборони Донетск ва дигар шаҳракҳо идома дорад.
"Душманро бояд ба масофаҳои қобили мулоҳиза бозпас кашанд. Аз ин рӯ, амалиёт ҳамчунон идома хоҳад кард", - гуфт Песков.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд. Илова бар ин, ҳадафҳои АВ инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.