Нархи ҳаҷ барои зоирини тоҷик арзон шуд

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, имсол нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик арзон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2023" барои ҳар зоири тоҷик 59 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Афшини Муиқм, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” - 59 ҳазор сомонӣ муайян шуд", - изҳор дошт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки соли қабл нархи ҳаҷ 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.
Манбаъ афзуд, нархномаро Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муайян намуд ва ҳамин тариқ нисбат ба гузашта нарх 1520 сомонӣ арзонтар аст.
Зимнан, сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10 то 20 июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷараён мегирад.
Раиси Кумитаи дин: Эҳтимол нархи ҳаҷ арзонтар шавад
Қаблан, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин низ дар нишасти ахири матбуотӣ гуфт, эҳтимол имсол дар қиёс ба соли гузашта нархи ҳаҷ каме поин равад.
Бояд гуфт, маблағи мазкур барои билети ҳавопаймо (рафтубаргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ харҷ мешавад.