Коршиноси низомӣ: Украина метавонад ба Афғонистони дуввум табдил ёбад

Пас аз он ки Вашингтон таваҷҷуҳ ба Украинаро аз даст дод, он бо мушкилоти бузурге, ки аллакай дорад, танҳо хоҳад монд. Дар Киев низ инро аллакай дакр кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май— Sputnik. ИМА дар сурати ҳамлаи бемуваффақияти ҷавобии Киев таваҷҷуҳ ба Киевро аз даст медиҳад ва ба Украина мақоми "Афғонистони дуввум" дода мешавад.
Дар ин бора генерал-майори авиатсия, Қаҳрамони Русия, раиси президиуми "Афсарони Русия" Сергей Липовой дар брифинге ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
Ба андешаи ӯ, Вашингтон тамаркузи худро ба Осиёи Ҷануби Шарқӣ равона мекунад.
"Кураторҳои украинӣ ҳам сабрашон тамом мешавад. Онҳо мебинанд, ки охирин чизро медиҳанд, аммо Украина намехоҳад ҳамла кунад", - қайд кард коршинос.
Дар ИМА гуфтанд, ки Украинаро дар поёни низоъ бо Русия чӣ интизор аст
Дар ин вазъият, ба гуфтаи Липовой, то тирамоҳ таваҷҷӯҳи "соҳиби асосии онҳо, Амрико" ба Украина аз байн меравад ва ӯ ба Чин ва Тайван мегузарад.
"Украина, ба эҳтимоли зиёд, мунтазири гузинаи Афғонистон-2 аст, вақте ки НАТО, амрикоиҳо онро тарк мекунанд ва ӯро бо мушкилоте, ки имрӯз доранд, танҳо мегузорад", - гуфт Липовой.
Ба гуфтаи низомиён, режими Киев аз вазъ огоҳ аст ва ҳама корро мекунад, то иқдомоти фаъол нишон диҳад, то пуштибонӣ аз Ғарб аз байн наравад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд". Амалиёти вижа як тадбири зарурист, зеро Русия "имкони дигаре надошт" гуфт сарвари давлат.