Коршинос имкони мунтахаби Тоҷикистонро дар мусобиқаи CAFA 2023 арзёбӣ кард

Нахустин бозии Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - 2023-ро мунтахаби Тоҷикистон 11 июн дар Тошканд баргузор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Гурӯҳи А, ки тими Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи CAFA Nations Cup 2023 ба он роҳ ёфт, осонтарин нест, гуфт мураббӣ ва коршинос Дамир Камалетдинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар баробари ин ӯ изҳори умедворӣ кард, ки мунтахаби ҷумҳурӣ барои омодагӣ баҳри пирӯзӣ бар ҳарифон вақт хоҳад дошт.
"Фаъолияти Сегрт (мураббии мунтахаби Тоҷикистон - ред.) вақтҳои охир бидуни пирӯзӣ идома дорад, аммо ҳанӯз вақт ҳаст. Ин осон нахоҳад буд, аммо фикр мекунам, ки дастаи мо хуб баромад мекунад. Мухлисон бозии хуб ва натиҷаи хубро интизоранд", - гуфт Камолитдинов.
Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон аз лиҳози иқтидор аз Уммон ва Туркманистон пурқувваттар аст ва бозигарони ҷумҳурӣ боз ҳам пуртаҷрибатаранд.
"Насли ҳозираи футболбозон тарбиятдида, барои бомуваффақият баромад кардан каме кори бештар ва ё барор намерасад. Умедворам, ки ин дафъа бахти мо омад мекунад", - гуфт ӯ.
Мусобиқаи футболи CAFA Nations Cup 2023 9 июн оғоз мешавад. Гуруҳи якҷояи "А" дар Тошкент ва "Б" дар Бишкек баромад мекунанд.
Бозии аввалро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн бо тими Туркманистон баргузор мекунад.
Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маълум шуданд
Дар даври дуюм 14-ум бо Уммон ва 17-уми июн бо тими миллии Узбекистон вохӯрӣ дар назар аст.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.
Барои тими Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA 2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 хоҳад буд, ки аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. .