Дар ИМА гуфтанд, ки Украинаро дар поёни низоъ бо Русия чӣ интизор аст

Дастгирии беохири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Украина ҳамчунон ба шикасти Киев оварда мерасонад. Собиқ мақомдори амрикоӣ ба пешрафти украиниҳо шубҳа дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дастгирии давомдори ИМА аз президенти Украина Владимир Зеленский метавонад боиси шикасти Киев гардад.
Дар ин бора собиқ ёвари махсуси президент Роналд Рейган Даг Бандов дар мақолае барои нашрияи The American Conservative навиштааст.
"Дар шароити нарасидани нерӯи зинда ва захираи аслиҳа аз иттифоқчиён, пирӯзии Украина ба эҳтимоли зиёд ғайривоқеӣ ба назар мерасад", - омадааст дар мавод.
Вай иддао дорад, ки пуштибонии минбаъдаи Амрико аз Киев Украинаро танҳо дар низоъ бо Русия, ки дорои захираҳо ва қудрати оташфишонияш бештар аст, заиф мекунад ва метавонад ба шикасти Зеленский оварда расонад.
"Иёлоти Муттаҳида исрор дорад, ки Киев ҳақ дорад тасмим бигирад, ки то кай ҷанг кардан мехоҳад. Аммо Вашингтон набояд ба Украина ҳақи ҷанги беҳударо ташвиқ кунад", — қайд кард коршинос.
Лавров: ИМА хоҳиши устувор дорад иқтисоди Русияро аз байн бубарад
Ба таъкиди ӯ, идомаи ҷанг бо густаришу ташдиди он бо мушорикати мустақими Амрико ҳамроҳ аст.
Украина фаъолона кӯшиш мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаро ба мубориза бо Русия ҷалб кунад ва баъзе давлатҳои Аврупои Шарқӣ ҳатто мехоҳанд, ки амрикоиҳо ҷони худро барои Киев қурбон кунанд, аммо Вашингтон набояд бо Маскав барои кишваре, ки барои ИМА аҳамият надорад, ҷанг кунад, хулоса кардааст таҳлилгар.