ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ба ҳамоиши байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, ки дар шаҳри Великий Новгороди Русия баргузор мешавад, зиёда аз 50 нафар олимон, аз чумла аз Тоҷикистон даъват шуданд.
Дар маҷмуъ иштироки намояндагони 7 кишвари ҳамсоя дар назар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ин вилоят.
Ин чорабинй 17—19 май дар техникуми Новгород баргузор мегардад. Дар он роҳбарони “Роспатент”, идораҳои миллии патентии АвруОсиё иштирок хоҳанд кард.
"Ҳамчунин беш аз 50 ихтироъкорону олимони ҷавон, намояндагони соҳаҳои созанда аз Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин аз минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла вилояти Новгород ҷамъ меоянд", - иттилоъ додааст манбаъ.
Синну соли иштирокчиён - аз 18 то 35 сола будааст. Аксари онҳо аллакай ба хотири навовариҳояшон шуҳрат пайдо кардаанд.
Илова бар ин, дар ин ҳамоиш Конфронси якуми АврОсиёии занони ихтироъкор ва соҳибкорони технологӣ, ҷаласаи Шӯрои маъмурии Созмони патентии АврОсиё баргузор мешавад.
Намоишгоҳи байналмилалии лоиҳаҳои навоварӣ низ дар назар аст. Чорабинӣ як қисми ташаббуси "Тарҳрезӣ барои оянда" дар Даҳсолаи илм ва техника мебошад.