Ғарб ба мақсадаш расид: Ҳамсояҳои Русия рӯзи 9 май ба Маскав омаданд

Дар Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ Русия расман ба ҷануб ва шарқ боз гардид ва мавқеи калидиро акнун кишварҳо ва иттиҳодияҳои хориҷи наздик мебозанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik, Кирилл Стрелников. Ба Маскав барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ташриф овардани сарони як қатор давлатҳо, ки ба қавле – хориҷи наздик маҳсуб меёбанд, дар худ ишоратҳои зиёде дорад ва ин ишоратҳо дар худ дигаргуниҳои азим ва тарҳи ояндадори кишварҳои пасошӯравиро инъикос менамоянд.
Баъди он, ки Ғарб кӯшишҳои хушбинонаи моро оиди ба қатори “худӣ”-ҳо даромадан қатъиян рад намуд ва бо қувваҳои нав ба нав ҷанги сардро идома дод, ки соли 2022 ба ҷанги тафсон табдил ёфт - барои давлати мо вақте расид, ки ҳақиқатро рӯи об барорад.
Он дар Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ аз 31 марти соли 2023, ки Русия расман ба ҷануб ва шарқ боз гардид ва мавқеи калидиро акнун давлатҳо ва иттиҳодияҳои хориҷи наздик соҳибанд, инъикос гардидааст.
Натиҷаҳои мулоқоти моҳи майи роҳбарияти Русия бо меҳмонони олиқадр дертар маълум мегарданд, аммо ҳоло як чизро аллакай аниқ гуфтан мумкин аст: бархилофи ривоятҳо дар бораи бесамарӣ ва шахшудагии дипломатия ва сиёсати берунаи Русия, ҳуқуқ аз мавҷудияти худро дар фронти Ғарб дифоъ намуда, Русия дар ҷабҳаи “хориҷиназдик” мӯъҷизаҳои дорои нерӯи нарм, сахт, моеъ ва газмонандро нишон дода истодааст.
Путин гуфт, Ғарб ангезандаи низоъҳо ва табаддулотҳо дар ҷаҳон аст
Масалан, дар муносибат бо Белорус мо босуръат ба даври ниҳоии лоиҳаи бунёди давлати Иттифоқӣ наздик шуда истодаем, ки ҳадафи асосии он – фазои иқтисодии ягона мебошад.
Дар соли 2022 гардиши молу маҳсулот байни давлатҳои мо ба сатҳи рекордии таърихӣ расид – 50 миллиард долларро ташкил дод. Ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар се - панҷ соли наздик ин нишондиҳанда ба ду маротиба зиёд карда шавад.
28 барномаҳои иттифоқӣ фаъолона амалӣ шуда истодаанд, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – иқтисодиёт, азҷумла – молия, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ва ҳамчунин, самтҳои алоҳидаи танзим ва назоратро дарбар мегирад.Системаи пардохт ба пуррагӣ интегратсия ё худ якҷоя карда шудааст ва дигар аз системаи ғарбӣ вобастагӣ надорад.
Дар муносибат бо Қазоқистон низ рекорд ба даст оварда шудааст – бари аввал дар таърихи муносибатҳои ду давлат гардиши молу маҳсулот байни мо ба 26,1 миллиард доллар расид. Дар вақтҳои наздик ин рақам то ба 30 миллиард расонида мешавад.
Русия шарики асосӣ дар соҳаи савдо ва иқтисодииёти Қазоқистон мебошад ва мувофиқи гуфти сарони ин ду давлат, ҳамкории стратегӣ бо Маскав - самти афзалиятноки сиёсати хориҷа мебошад.
Гузашти ҳарбии майдони Сурх ба ривояти акс
Амалишавии лоиҳаҳои доманадори русиягӣ-қазоқистонӣ дар соҳаҳои газ, истифодаи нерӯи ҳастаӣ бо мақсадҳои осоишта ва дар соҳаҳои кашонидани бору коло амалӣ гардида истодаанд.
Муносибатҳо бо Ӯзбекистон рушди бемайлон доранд ва ин давлатро “локомотиви рушди Осиёи Марказӣ” меноманд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 Русия шарики аз ҳама асосии савдои Ӯзбекистон гашт.
Гардиши молу маҳсулот байни мо ба таври устувор афзудан дорад: 9,28 миллиард доллар. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 6,9 миллиард долларро ташкил медод. Дар ин ҷумҳурӣ наздик 200 лоиҳаҳои муштарак ба маблағи 20 миллиард доллар амалӣ гардида истодааст.
Арманистон ягона давлат аз Қафқози Ҷанубист дар ҳайати СААД, азҷумла – дӯст. Соли гузашта Русия барои Арманистон бозори асосии фурӯш гардид; ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ду баробар афзуд ва ба 5 миллиард доллар расид, ва ин дар ҳоле, ки ду двлат байни ҳам бо рубл савдо мекунанд.
Дар Қирғизистон низ савдои тарафайн бо Русия болотарин дар солҳои охир буд -3,5 миллиард доллар.Ба гуфти Владимир Путин, “соли гузашта гардиши савдо ба 37% афзуд, Русия калонтарин сармоягузор мебошад, аз рӯи маблағгузории бевосита мо ҷои аввалро ишғол менамоем ва боварӣ дорем, ки ин раванд фақат суръату гардиши тоза мегирад”.
Бо Тоҷикистон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соли сипарӣ ба 18% афзоиш ёфт ва 1,5 миллиард долларро ташкил дод – ҳаҷми рекордӣ дар 20 соли охир.
Президенти Русия гуфт, ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад
Русия яке аз сармоягузорони калидӣ буда, қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро навсозӣ намуда истодааст, ки минтақаи мобайнии ҳамшафати Афғонистон аст ва сиёсати мувофиқакардашударо дар ҷодаи амният мебарад. Аз ҳама иншооти калони Русия дар хориҷи кишвар – пойгоҳи низомии 201-ум – маҳз дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳамкориҳои Русияву Туркманистон низ инкишофи тоза доранд: гардиши молу маҳсулот надик 1 миллиард долларро ташкил дод. Амалишавии лоиҳаҳо дар беш аз 20 самт дар сатҳи баланд дар соҳаҳои мухталиф ба нақша гирифта шудаанд ва яке аз ҷойҳои калидиро дар ин радда рушди долони нақлиётии “Шимол - Ҷануб” мегирад.
Дар Консепсияи нави сиёсати беруна Русия бори аввал худро расман “давлати аслӣ-тамаддун” маррифӣ намуд. Бисёр давлатҳои бузурги тамаддун дар таърих ба вартаи фаромӯшӣ рафтанд, аммо мо боварӣ дорем, ки давлати русиягиро ояндаи неки арзандаи гузаштаи бошараф интизор аст. Ва ҷузъи ҷудонашавандаи он халқу миллатҳои дӯсте хоҳанд буд, ки омодаанд китф ба китф истода, барои ҷаҳони нави боадолатона мубориза баранд.