ДУШАНБЕ, 11 МАЙ — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Ин дидор дар ҷараёни сафари расмии раҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон, ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни ин кишварҳо сурат гирифт, доир шуд.
Тавре Расулзода таъкид кард, аз замони ба даст овардани истиқлолият ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории хуб бо дигар давлатҳо саъй мекунад.
Дар ин дидор намояндагони Тоҷикистону Туркманистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамгироӣ дар як қатор бахшҳо иброз доштанд.
Ҳамин тариқ, ба нақша гирифта шудааст, ки шарикӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва нақлиёт, якҷоя дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, фарҳангу туризм ҳамкорӣ мекунанд.
Қаблан Бердимуҳамедов гуфта буд, ки Туркманистон омода аст дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон як долони нақлиётӣ эҷод кунад, ки ду кишварро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар мепайвандад.
Президент пешниҳод кард, ки барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз имкониятҳои бандари Туркманбошӣ якҷоя истифода баранд.