Анҷоми сафари Сардор Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон

Сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон ба анҷом расид ва Сарвазири кишвар меҳмонро дар фурудгоҳ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Нимаи дуюми рӯз, пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ ба Тоҷикистон Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел карданд.
Пеш аз бозгашт ба Туркманистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Сердар Бердимуҳамедов ба ноҳияи Варзоб рафтанд.
“Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд”, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сердар Бердимуҳамедов дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.
Фарҳанг, саноат, сармоягузорӣ: Мулоқоти Расулзода ва Бердимуҳаммадов
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 май идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.