ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Талафоти умумии артиши Украина дар як шабонарӯз дар самти Донетск беш аз 240 нафар ро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки дар баробари низомиён зархаридон низ маҳз шуданд.
Манбаъ ҳамчунин аз корношоям шудани 8 техника, як анбори аслиҳаи мушакӣ ва тӯпхона низ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, дар як рӯз дар самти Донетск ҳавопаймоҳо ва артиллерияи гурӯҳи "Ҷанубӣ" ба воҳидҳои 67-уми механиконидашуда, 80-уми ҳамлаи ҳавоӣ ва 5-уми ҳамлаи артиши Украина дар минтақаи Красный, Ступочек дар ҶМД ва дар канори ғарбии Артемовск зарба заданд.
Илова бар ин, дар минтақаи аҳолинишини Белокузминовкаи ҶМД як анбори аслиҳаи мушакӣ ва тӯпхонаи бригадаи 55-уми артиллерияи нерӯҳои украинӣ хароб карда шуд.
"Дар як шабонарӯз беш аз 240 нафар низомиён ва зархаридони украинӣ, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор мошин, инчунин як тӯпхонаи худгарди "Гвоздика" нобуд карда шуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.