ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар Душанбе пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури сарони ду давлат маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сардор Бердимуҳаммадов ба Эъломия оид ба таъмини шарикии стратегӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон имзо намуданд.
Сипас дар ҳузури кишвардорон 23 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд: Аз ҷумла созишномаҳо миёни Тоҷикистону Туркманистон:
дар соҳаи тандурустӣ;
таъмини амнияти киберии байналмилалӣ;
ҳифзи техникии иттилоот;
карантини растаниҳо
соҳаи байторӣ;
Ҳамчунин созишномаҳо байни вилоятҳои Хатлону Суғдии Тоҷикистон ва Марии ва Балкани Туркманистон
Гузашта аз ин, Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Туркманистон, Бонкии миллии ҳар ду давлат низ протоколи ҳамкории мутақобиларо имзо намуданд.
Ҳамчунин, ёддошти тафоҳум миёни Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технология, Оҷонсии омор, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон ёддошти тафоҳум имзо намуданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сердар Бердимухаммедов оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.