ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии исломии Покистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба тасвиб расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки созишномаи мазкур миёни ҳукуматҳои ду кишвар моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон барои тасвиб ба парлумон пешниҳод гардидаст.
Мақсади асосии созишнома таҳкими савдои дуҷониба, табодули мол ва хизматрасонӣ дар байни ду мамлакат арзёбӣ шудаст, ки мустақиман ё тариқи кишвари сеюм амалӣ мегардад. Санади мазкру ҳаракати сарҳадӣ, тафтиши мол анҷоми расмиёти гумрукиро фаро мегирад, омадааст дар иттилоия.
Душанбею Исломобод азм доранд, ҳамкориҳороо таҳким бахшанд. Ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ дар Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ таҳкими муносиботро баррасӣ краданд.
Инчунин ахиран Покистон сафири навашро дар Душанбе таъйин кард. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин гардид.