ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, Бердимуҳаммадовро хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кардааст, ки сафари нахустини давлатии ӯ ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарламентӣ аз масоили меҳварии мулоқот будаанд.
"Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарии минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Бердимуҳаммадов ҳамчунин бо роҳбари палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот дошта, дар мавриди муносиботи ду кишвар табодули афкор намудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон сафари Бердимуҳаммадовро як рӯйдоди гуворо ва хотирмон унвон кардаст, ки ба гуфтаи вай ба рушду таҳкими дӯстии байни халқҳои ду кишвар мусоидат мекунад.
Ахиран дар пайи музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури роҳбарони ду кишвар 23 санади ҳамкорӣ имзо шуданд, ки бахшҳои мухталиф аз тандурустӣ, то иқтисоду кишоварзӣ ва амниятро фаро мегиранд.