Кремл сафари президентҳо ба Маскавро тафсир кард

Сафари роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав ва иштирокашон дар гузашти ҳарбӣ, ки мавриди интиқоди бархе қарор гирифт, маънодор мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба таҷлили Ғалаба дар Маскав омадани сарони кишварҳои ИДМ нишон медиҳад, ки кишварҳояшон иродаи сиёсӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ доранд, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳо на танҳо иродаи сиёсӣ, балки иродаи ҷамъиятӣ дар ин масъала низ вуҷуд дорад.
"Ҳузур дар гузашти ҳарбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишварҳои онҳо иродаи сиёсӣ ва иродаи ҷамъиятӣ барои нигоҳ доштани ин хотира вуҷуд дорад. Мо ин хотираро ба тамоми мардуми ҷаҳон мерасонем, ҳадди ақал онҳое, ки мехоҳанд, имкон дошта бошанд, ки бо маълумоти воқеӣ шинос шаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Сафири Тоҷикистон дар Берлин хотираи сарбозони озодибахшро гиромӣ дошт
Маврид ба зикр аст, ки бо даъвати раисҷумҳури Русия, Владимир Путин роҳбарони 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав омада, дар таҷлили рӯзи Ғалаба иштирок карданд. Худи Путин ҳузури роҳбаронро нишонаи арҷгузорӣ ба корнамоиҳои аҷдодон гуфт, якҷоя бар фашизм пирӯз гардиданд.
Дар феҳрасти меҳмонони баландпоя, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доштанд.