ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар ду минтақаи Суғд нақшаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд.
Ҳамин тариқ, маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Бӯстон ва ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба анҷом расид, хабар медиҳад ҳукумати вилоят.
Қайд карда мешавад, ки барои иҷрои нақша омӯзиши ихтиёриён дар курсҳои ронандагӣ мусоидат кардааст.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи баҳории даъват ба хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шуд.
Тибқи фармони раисиҷумҳур, дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 даъват карда мешаванд.
Зимнан, дар Тоҷикистон ҷавоно ҳақ доранд аз хидмати дусола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо пардохт кардани маблағи муайян (ҳудуди 28,5 сомонӣ дар соли 2023) озод шаванд.