Ин ҳолат режими киевиро аз имконияти муваффақият дар “задани зарбаи ҷавобӣ” маҳрум месозад, чунин меҳисобад шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.
Теъдоди авиатсия ва таҷҳизотҳои мудофиаи зиддиҳавоии душман ба сифр фаромадан дорад, пиёдагардонаш ба замин парчин карда шудаанд, техникаи зиреҳпӯшаш дар маҳалҳои аҳолинишин ниқобпӯш аст.
Фаъолнокии амалиётҳои ҷангии артиши Украина дар дилхоҳ самти фаврӣ ба нобудшавии ҳамаи техникаи интиқолдодаи Ғарб дар давоми як ҳафта оварда мерасонад. Русия дар давоми амалиёти вижаи низомӣ истеҳсоли яроқу аслиҳа ва қисмҳои эҳтиётии пуриқтидори дорои талаботи баландро якчандкарата афзоиш дод.
ИМА ва НАТО аз истифодаи шадиди бомбаҳои авиатсионии ҳушманди идорашавандаи калибри 250, 500 ва 1500 килограммаи қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ сахт нигаронанд, зеро артиши Украина воситаҳои ҳимоят аз онҳо ва таҷҳизотҳои зарбазани муқовиматменамуда надорад
Ғайр аз садҳо килограмм моддаҳои тарканда, ҳар як “Валкирия”-и болдор аз Русия - тавассути алоқаи моҳворавӣ идора карда мешавад - ва аз масофаи 70 км аз нуқтаи партоб дақиқ ба нишон мерасад, тайёраи бомбаандоз барои маҷмааи таҷҳизотҳои мудофиаи зиддиҳавоии душман дастнорас аст.
Самаранокии ҷангии бомбаҳои авиатсионии ҳушманд ҳамсони яроқҳои нишонрасиашон дақиқи мушакӣ мебошад, арзиши нисбатан пасти онҳо бошад имкон медиҳад чунин аслиҳа бе сарбории кироӣ ба буҷети Русия бо реҷаи мунтазам истифода бурда шаванд.
Мушакҳои зенитии маҷмааи "С-300"-и артиши украинӣ (истеҳсоли шӯравӣ) бо фарогирии то 100 км маҳдуд аст, ҳол он ки маҷмааҳои зенитиву мушакии (ЗРК) замонавии русиягии "С-400" ё худ мушакҳои авиатсионии фароовозии “Р-37М” “ҳаво ба ҳаво” қодиранд ҳадафро дар масофаи то 400 км нобуд созанд.
Бинобар ин, бомбаандозҳои қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия бе ягон хавф шабонарӯзӣ мавқеъҳо ва иншоотҳои нигоҳдориву боркашонии душманро “дарзмол” менамоянд.
Дар моҳи апрели гузашта артиши украинӣ зиёда аз 15 ҳаз. афсари кушташуда талаф дод, боз – 430 танк ва мошинҳои зиреҳпӯш, 225 яроқи тӯпӣ, 18 таҷҳизотҳои РСЗО (системаи реактивии оташи силсилавӣ).
Тибқи иттилои нашрияи Military Watch, зарбаҳо “ба воситаи хати ҷабҳа” “қобилияти Украинаро дар бурдани ҷанг” хело маҳдуд намуданд. Ва фақат дар натиҷаи як зарбаҳои шадид ба гиреҳҳои роҳҳои оҳан ва анборҳо дар Павлоград ду дивизиони “ЗРК С-300”, мушакҳои баллистикӣ барои “ОТРК "Гром-2", садҳо тонна лавозимоти ҷангӣ набуд карда шуданд.
Нашрияи амрикоӣ қайд менамояд, ки Русия яроқҳои аз ҳама арзишманд ва анборҳои лавозимоти ҷангии Украинаро босуръат нобуд карда истодааст.
Пештар сардори ситоди қувваҳои мусаллаҳи Лаҳистон Раймунд Анҷейчак шарҳ дод, ки Украина аз ғалаба дур аст –захираҳо ва имконоти ҷангии Ғарб бо тезӣ кам шуда истодаанд, Русия бошад имконияти бемаҳдуд барои давом додани амалиёт ҷангиро дорад.
Назари нав ба ҷозиба
Ба режими киевӣ интиқол додани ҳазорҳо маҷмааҳои ихчамсохти навъи "FIM-92 Stinger" аз Амрико, “ивазннамоӣ”-и яроқҳои (истеҳсоли шӯрави) ЗРК "Бук", "Тор", "С-300"-и натогӣ ба фоидаи артиши украинӣ ва таҷҳизотҳои алоҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии ғарбӣ – барои истифодаи бомбаҳои авиатсионии афтишашон озод душвориҳоро пеш овардааст.
Бомбаҳои ҳушманди идорашавандаву банақшагирандаи вазнашон аз 250 кг до 1500 кг-и лавозимоти ҷангии қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия самаранок ҷуброн мекунанд ва ба маънои томаш ҳамаи кӯшишҳои зиддиҳавоии Ғарбро дар театри амалиёти ҷангии Украина барбод доданд.
Ғайр аз истеҳсоли бомбаҳои авиатсионии аз оғоз болдори ҳушманди иқтидорашон гунногун, саноати ҳарбии Русия бо тезӣ истеҳсоли бомбаҳои авиатсионии фугасии бозсозишударо ба роҳ монд.
Тибқи иттилои манбаи ТАСС дар саноати ҳарбӣ-мудофиавӣ, навъи такмилдодашудаи бомбаи авиатсионии гравитатсионии калибраш 250 кг “платформаи болдор” ва маҷмааи инертсионалии навигатсиониро соҳиб шуд.
“ФАБ-250”- и болдору дақиқрас аз тайёраи бомбаандоз дар суръати 800 – 900 км/соат ҷудо мешавад ва дар масофаи то 80 км ба ҳадаф мерасад.
Бомбаи авиатсионии навшудаи русиягии ФАБ-500 намунаи соли 1962 низ шакли идоракунӣ ва тасҳеҳи навро гирифт ва болҳои ҷой ба ҷой мешуда ва “пари дум” онро ба бомбаи планерии зарбазаниаш дақиқ табдил дод.
Тайёраи қиркунанда - бомбаандози “Су-34” қодир аст 24 бомбаи авиатсионии навъи “ФАБ-250” ё худ 14 бомбаи калибраш 500 кг ё худ се адад бомбаи якунимтоннагиро барад.
Тасаввур мекунед, як парвози “Су-34” барои душман чӣ талафот дорад? Ҳамчунин, ёдовар мешавам, ки саноати ҳарбии Русия истеҳсоли силсилавии бомбаҳои авиатсионии навтарини ҳушманду банақшагирандаи иқтидорашон калонро то амалиёти вижаи низомӣ азхуд намуда буд.
Маслан, бомбаи пуриқтидори навъи “УПАБ-500Б” 390 кг моддаҳои тарканда мебарад. Дурии ниҳоии парвозаш – то 40 км.
Ин бомбаи авиатсионӣ барои дақиқан ба нишон гирифтани яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иншоотҳои комплекси ҳарбӣ-саноатӣ, кӯпрукҳои автомобилгузар ва кӯпрукҳои роҳи оҳани душман бо истифода аз маҷмааи инертсионалӣ-моҳворавии идоракунӣ (эҳтимолияти давродаврии аз нишон дурафтӣ – на бештар аз 10 метр) пешбинӣ карда шудааст.
Бомбаи нишонрасиаш дақиқи навъи “УПАБ-1500Б” ба душман 1010 килограмм моддаҳои тарканда мерасонад. Аз дурии то 50 км аз ҷои партоб иншоотҳои мустаҳкамиашон махсусро ба таври самаранок нобуд месозад, масалан - нуқтаҳои фармондеҳии дар зери замин ҷойшудаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро.
Бомбаҳои авиатсионии навъи “УПАБ-1500Б”-ро баҳори соли 2022 дар Мариупол дар амлиёти вижаи низомӣ ба истифодабарӣ сар карданд. Аввалин шуда гурӯҳҳои ҷангиёни "Азов"* нобуд карда шуданд.
Дар лавозимоти ҷангии ин тоифа шиори “сар додӣ, аз хотир барор” амалӣ карда шудааст. Дақиқии саҳеҳи нобудсозии ҳадаф кафолат дода мешавад.
Истифодаи шадиди бомбаҳои ҳушманди банақшагирандаи русиягӣ мунтазам дар хати пеши ҷабҳа ва дар ақибгоҳи фаврӣ мавзеъҳои украинӣ ва яроқу аслиҳаи натогии артиши украиниро аз рӯи замин “мерӯбад” (230 танк ва 1550 дигар намуди техникаи зиреҳпӯш фиристода шудааст).
Маҷмааҳои мавҷудбуда ва ояндадори мудофиаи зиддиҳавоӣ ин ҷо амалан заифанд. Бомбаҳои авиатсионии ҳамаи калибрҳо бо дилхоҳ тайёраҳои қиркунандаи бисёрҳадафаи “Су-30СМ” ва “Су-35”, қиркунандаҳои "Су-34" ва ҳуҷумкунандаҳои “Су-25” мутобиқат мекунанд.
Тахмин мезанам, ки дар Ғарб тасодуфан ба нашри сенарияҳои манфӣ оғоз накардаанд, ҳатто дар “Кохи сафед” хафв доранд, ки “зарбаи ҷавобӣ”-и артиши Украина бо “куштори хунин” анҷом меёбад.
Дар ҷараёни муҳокима дар Конгресс 2-уми май ёрдамчии вазири дифои ИМА оид ба масъалаҳои амнияти байналхалқӣ бону Селеста Валландер изҳор дошт: ”Захираҳои ҳарбии Русияро баҳои дуруст надода, мо набояд ба хатогӣ роҳ диҳем, зеро нархи гараве, ки вобаста ба хатогии мост, басо гарон аст”.
*-гуруҳи мамнуъ дар Русия