Авҷи беназмӣ дар Покистон пас аз боздошти Имрон Хон

Ҷонибдорони собиқ сарвазир пас аз боздошт гардидани ӯ ба кӯчаҳо рехта, бо масдуд кардани роҳҳо ва оташ задани мошини пулис беназмӣ барангехтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Пас аз боздошти сарвазири собиқ Имрон Хон дар Покистон ошӯб ба амал омад, хабар медиҳад "РИА Новости".
Як рӯз пеш полис сиёсатмадорро пас аз чанд кӯшиши ҳамла ба ӯ дар манзилаш боздошт кард.
Ба гузориши расонаҳои Покистон, маъмурони интизомӣ дар Қарочӣ, Лоҳур ва Файсалобод алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардаанд.
Дар Исломобод ва Пешовар ҷонибдорони сарвазири собиқ кӯчаҳоро бастаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳрҳо эътирозгарон мошинҳои пулисро оташ зада, ба моликияти давлат осеб расонидаанд.
Сарвазири собиқи Покистон Имрон Хон боздошт шуд
Имрон Хонро Бюрои миллии гузоришдиҳӣ боздошт кардааст. Пас аз боздошти ӯ ҳизби "Таҳрики Инсоф" аз тарафдорони собиқ сарвазир даъват намуд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд кунанд ва даст ба тазоҳурот зананд.
Қаблан Бюрои масъулиятшиносии миллӣ алайҳи Хон, ҳамсари ӯ ва раҳбарони ҳизби "Таҳрики Инсоф", ки ба гуфтаи муфаттишон, барои таъсиси "Донишгоҳи Ал-Қодир" траст таъсис дода, ба хазинаи давлат 50 млрд рупия хисорот ворид кардаанд, таҳқиқ оғоз карда буд