Сарвазири собиқи Покистон Имрон Хон боздошт шуд

Ӯ дар терроризм муттаҳам мешавад, ки пас аз ҳаводиси моҳи март, ки бар асари задухӯрд миёни ҷонибдорони сиёсатмадор ва пулис беш аз 50 афсар захмӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Сарвазири собиқи Покистон Имрон Хон дар Исломобод боздошт шуд.
Сиёсатмадор дар доираи парвандаи коррупсионӣ ба бинои додгоҳи пойтахт омада, дар он ҷо ба ҳабс гирифта шуд.
Ин маълумотро нозири генералии полиси шаҳри Акбар Носир Хон ба телевизиони маҳаллии Geo тасдиқ кард.
Қобили зикр аст, ки Имрон Хон дар соли 2022 баъди раъйи нобоварӣ, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ пешниҳод шуда буд, мақоми нахуствазири Покистонро тарк кард.
Зардорӣ: Имрон Хон ҳазорон террористи афғонро дар Покистон паноҳ дод
Моҳи октябр ӯро аз интихобот барканор ва барои 5 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум карданд.
Собиқ сарвазир дар парвандаи фурӯши тӯҳфаҳои раҳбарони хориҷӣ ба ҳайси муттаҳам баромад кард, аммо дар ҷаласаҳо ҳозир нашуд.
Моҳи март пулис Имрон Хон, 17 нафар ёвараш ва даҳҳо тарафдораш дар пайи даргириҳо дар Исломободро дар терроризм ва як қатор ҷиноятҳои дигар муттаҳам кард.
Худи сиёсатмадор баъдан изҳор дошт, ки мухолифонаш қасд доранд, ӯро ё зиндон кунанд ё куштанд.