ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамкорони кишварҳои ИДМ, Осиё ва Африқо дар маҷмааи ёдгории Трептови Боғи Берлин ба пояи муҷассамаи сарбози озодибахш гулдастаҳо гузоштанд.
Маросими гузоштани гулчанбар пас аз як дақиқаи хомӯшӣ дар пояи муҷассамаи 12-метраи аскари шӯравӣ бо духтаре дар оғӯш кушода шуд.
Дар маросим сафири Тоҷикистон Имомоудин Сатторов, ҳамчунин намояндагони намояндагиҳои дипломатии Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Мавритания ва Ветнам, инчунин атташеҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатии як қатор кишварҳои дигари дусти Осиё ва Африқо ширкат доштанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин садҳо нафар, аз ҷумла сиёсатмадорони минтақавии ҳизби Алтернатива барои Олмон ширкат доштанд.
Намояндагони сафорати Украина аз ин чорабинӣ даст кашиданд.
Қаблан Гузашти Ғалаба дар Маскав ба поён расид, ки дар он ба ҷуз Владимир Путин, раҳбарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур доштанд.