Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидонӣ" доир кард

Дар чорабиниҳо бахшида ба 78-умин солгарди Ғалабаи бузург ба ҷуз аз низомиёни Русия, ҷунбиши "Юнармия" ба номи Юрий Гагарин ширкат доштанд
Sputnik
Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гузашти низомӣ ва раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидонӣ"-ро баргузор карданд.
Дар чорабиниҳо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев, мактаббачагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва донишҷӯён низ ширкат варзиданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар суханронии ифтитоҳӣ фармондеҳи 201-уми пойгоҳ Андрей Марушкин гуфт, ки 9 май соли 1945 ба таърихи инсоният ҳамчун Рӯзи Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар майдони ҷанг ва дар ақибгоҳ абадӣ дохил шуд.

"Барои мо Рӯзи Ғалаба аҳамияти хоса дорад. Дар Русия ва Тоҷикистон оилае нест, ки дар ин ҷанг наздики худро аз даст надода бошад. Дар ин рӯз фарзандон ва наздикони онҳое, ки дар майдонҳои набард алайҳи фашизм қаҳрамонона меҷангиданд ва ба пирӯзӣ ноил гардиданд, бо мавҷи беохири “Ҳанги ҷовидонӣ” пайваст мешаванд”,- гуфт ӯ.

Пас аз суханронии ӯ пойгоҳи низомии Русия ва ҳайати Артиши ҷавонон гузашт баргузор карданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон 37 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд.
Гулчанбаргузории роҳбарони ИДМ дар назди оромгоҳи аскари номаълум
Ҳамин тариқ, ҳоло дар вилояти Хатлон 14 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аксари ин шумора дар шаҳри Бохтар ба сар мебаранд. Дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд – 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар шаҳри Душанбеу ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 6 нафарӣ.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта теъдоди собиқадорон дар саросари кишвар ба 59 нафар буд.