Гузашти ҳарбӣ дар Маскав бо ҳузури президентҳо - видео

Дар Маскав бахшида ба 78-умин солгарди рӯзи Ғалаба дар ҶБВ гузашти густурдаи ҳарбӣ зери назари роҳбарони кишварҳои собиқ шӯравӣ баргузор шуда истодааст
Sputnik
Қариб тамоми роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили 78-умин солгарди рӯзи Ғалаба ба Маскав омаданд.
Дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро аз минбар дар Майдони Сурх қариб ҳамаи роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ назорат мекунанд.
Путин меҳмононро дар Кремл пешвоз гирифта, аз назди собиқадорони ҶБВ гузашта, ба сӯи минбар равона гардид. Роҳбарони давлатҳо дар минбар миёни собиқадорони ҶБВ ҷой гирифта, гузаштро тамошо доранд.
Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 78-умин солгарди Ғалаба
Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Беларус Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар майдони Сурх қарор доранд.
Дар миёни низомиён аз ҷумла иштирокдорони амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина қарор доранд. Беш аз 6 ҳазор меҳмонон гузаштро тамошо мекунанд.
Дар назар аст, Владимир Путин зимни он суханронӣ мекунад. Бар асоси барнома, дар назар аст, ки баъдан роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд.
Таъкид шудааст, ки гузашти низомӣ дар Маскав таҳти тадобири шадиди амниятӣ сурат мегирад.