Матвиенко гуфт, Русия наметавонад ба он чи дар Ғарб рух медиҳад, иҷозат диҳад

Ба андешаи сиёсатмадор асари бетаваҷҷуҳии Маскав ба ин масоили нозук, натиҷааш вазъи имрӯзи Киев ва дигар давлатҳои монанди он аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Русия ҳақ надорад ба он чизе ки дар идеология, фарҳанг ва санъат дар Ғарб рух медиҳад, иҷозат диҳад, гуфт раиси Совети Федератсия Валентина Матвиенко.
"Идеология, фарҳанг, санъат, маориф соҳаҳое мебошанд, ки дар он ҳеҷ гуна гузашт, созишҳои шубҳанок вуҷуд надорад, дар он ҷо стандартҳои дугона ва маккорӣ барои ҷомеа ва давлат харобиовар аст. <...> Аммо мо мутмаин ҳастем, ки ҳоло дар ин соҳа дар Ғарб чӣ рӯй дода истодааст, қабул надорем", - гуфт ӯ.
Аз тоҷик то русу қирғиз: Володин гуфт, Ғалаба ҳамаи моро муттаҳид мекунад
Ба таъкиди Матвиенко, ин равандҳоест, ки боиси аз байн рафтани идеалҳо, арзишҳоест, ки дар заминаи тамаддун қарор доранд ва инсонро шахсият мекунанд, ҳаёти ӯро пур аз маънӣ мегардонанд.
Матвиенко таъкид кард, ки вай дар ин бахшҳо даъват намекунад, ки назорат пурзӯр карда шавад, зеро ин боиси костагии ҳаёти маънавӣ, ақиб мондани он аз талаботи ҷомеа, хурда шудани он мегардад.
"Он чизе, ки дар Украина, қудрат дар дасти миллатгароён ва дар баъзе давлатҳои дигар рӯй дода истодааст, далели равшани он аст, ки ақибнишинӣ аз мероси рӯҳонӣ, ки дар мубориза бо фашизм ба пирӯзӣ мусоидат кардааст, то чӣ андоза гарон аст",- гуфт раиси палатаи болоии парламенти Русия дар мусоҳиба бо "Известия".
Сенатор ҳамчунин гуфт, ки Ғарб дар Украина "ҳатман ҷонибдори демократия нест, он ҷо вуҷуд надорад", балки "режими Киевро барои сарнагун кардани кишвари мо" истифода мебарад.
"Чунки мо (ред.) монеаи аслӣ дар роҳи ормонҳои гегемонистии Иёлоти Муттаҳида, моҳвораҳои онҳо ва тамаддуне ҳастем, ки ба Ғарби кунунӣ хеле бегона аст, ки бар арзишҳои инсонпарварӣ асос ёфтааст",- хулоса кард Матвиенко.