ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Роҳбарони 8 кишвари ҷаҳон дар назди оташи ҷовидони аскари номаълум дар боғи Александрови Маскав гулчанбарҳо гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ, ки баъди гузашти низомӣ дар маркази Душанбе сурат гирифт, дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин инчунин меҳмонони баландпоя иштирок доштанд.
Аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гул гузоштанд.
Ахиран Путин дар баромадаш дар хитоб ба президентҳо изҳор дошт, ки аҷдодони мо якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд. Вай ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ намуд, ки барои таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба ба Маскав омаданд.
Вай ин сафарҳоро баёнгари қадрдонии амали аҷдодон хонд, ки якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд.
Сари таъзимро пеши ҳамаи онҳое, ки барои Ғалаба мубориза бурданд, фуруд меорем, таъкид намуд Путин. Вай барои поси хотири қурбониёни ин ҷанг лаҳзаи хомӯшӣ эълон кард.
Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.