ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Русия барои мақомоти гумруки Тоҷикистон кадрҳоро тайёр мекунад, ки хоҳишмандон метавонанд, асноди худро пешниҳод намоянд.
Маъракаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои соли таҳсили 2023-2024 дар Академияи гумруки Русия эълон шудааст.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, шаҳрвандони кишвар барои таҳсил ба Академияи гумруки Русия фиристонида мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои барои дохилшавӣ ба Академияи гумруки Русия дар Любертси ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Ростови лаби Дон қабул мешаванд.
Ихтисосҳои пешниҳодшуда "Фаъолияти гумрукӣ" (мутахассис), "Ҳуқуқшиносӣ" (бакалавр) ва "Иқтисодчӣ" (бакалавр) мебошанд.
"Барои дохил шудан ба Академияи гумруки Россия ҳуҷҷатҳои довталабон аз 10 то 23 майи соли 2023, ба муддати 10 рӯзи корӣ қабул карда мешавад", - омадааст дар эълон.
Ба диққати довталабон расонида шудааст, ки барои иштирок дар озмун, донистани фанҳои математика, забони рӯсӣ, забони англисӣ ва тайёрии хуби ҷисмонӣ, ҳатмӣ мебошад.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар кӯчаи Бухоро-50/1-и шаҳри Душанбе пешниҳод кунанд ва ё аз тариқи телефонҳои 223-12-16 ва 221-16-92 маълумоти иловагӣ пешниҳод намоянд.