Лавров: Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир бояд амал кунад

Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки вазъи Афғонистон ниёз ба иқдомҳои фаврӣ дорад ва ҳукумати Кобул бояд ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир амал кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ахиран эълом кард, ки интизор дорад то сарони ҳукумати Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ саҳм дошта бошанд, амал кунад.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун вазъияти Афғонистони ниёз ба иқдомҳои фаврӣ дорад.
“Мо аз сарони толибон интизор дорем, ки ба ваъдаҳои худ мабни бар ташкили як ҳукумати фарогир на танҳо аз назари гурӯҳҳои қавмӣ, балки бо итминон аз ҳузури тамоми аъзои гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, амал кунанд. Ин мавридест, ки бояд аз сӯйи онҳо анҷом шавад”, - гуфт Лавров.
Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Амрико дар ҳоли талош барои бозгардондани зерсохтҳои Низомии ин кишвар дар минтақа ва атрофи Афғонистон аст.
Лавров: то замоне, ки толибҳо давлати фарогир насозанд ба расмият намешиносем
Вай тасреҳ кард шавоҳиди қонеъкунандае вуҷуд дорад, ки Амрико аз гурӯҳҳои террористии шомили ДОИШ* ва Алқоида* дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
Ҳукумати Афғонистон дар бораи изҳороти вазири хориҷаи Русия вокунише надоштааст аммо Билол Каримӣ, муовини сухангӯии ҳукумати Афғонистон дар бораи ташкили ҳукумат фарогир гуфт, ҳукумати кунунии Афғонистон фарогир аст.
* - Созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия