Коҳиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон

Ба шуғли аҳолӣ ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки онҷо ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд, мусоидат кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи бекорон кам шудааст, иттилоъ додааст Агентии омори кишвар.
Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони бекоре, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ба охири моҳи феврали соли равон 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2022 ин рақам 5,6% коҳиш ёфтааст.
"Сатҳи бекорони расман бақайдгирифташуда нисбат ба шумори умумии қувваи корӣ ҳамагӣ 2,0% -ро ташкил додааст", - иттилоъ додааст Агентӣ.
Бекорӣ дар Суғд каму маош наздики 15% зиёд шудааст
Тавре коршиносон қайд кардаанд 49,3 дарсади шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.
Баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки дар онҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст ба шуғли аҳолӣ мусоидат кард.
Қаблан маълум шуд, ки Минтақаи мухтори Ямало-Ненетс, ва Ханти-Мансийск дар рейтинги минтақаҳои Русия бо саҳми ҷалби бештари муҳоҷирони корӣ пешсаф шуданд.
Дар соли 2022 ин минтақаҳо бештар коргарони хориҷиро қабул кардаанд. Қисми асосии муҳоҷирони меҳнатӣ минтақаҳои шимолӣ ва Шарқи Дур, Маскав ва Санкт-Петербургро интихоб мекунанд.