ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ҳиссаи Тоҷикистони шӯравӣ дар мубориза дар давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бебаҳост.
Ин нуктаро сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев, зимни ифтитоҳи намоишгоҳи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” дар Осорхонаи миллӣ дар Душанбе таъкид кард.
Ӯ аз қаҳрамонии ҷанговарон, духтурон ва сокинони одии ҷумҳурӣ дар он давраи барои тамоми мамлакат душвор ёд кард. Аз ҷумла зикр намуд, ки тоҷикистониҳо даҳҳо ҳазор кӯчондашудаҳо аз минтақаҳои дигари шӯравиро чун хеши худ қабул карданд.
"Тақрибан 40 ҳазор нафар кӯчонидашудагон аз манотиқи марказӣ ва ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ дар хонаводаҳои тоҷикистонӣ қабул карда шуданд, ки дар онҷо чун наздиктарин нафар ба онҳо таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ мекарданд", - гуфт дипломат.
Вай афзуд, ки албатта, ин ҳама дар хотирҳо монд ва ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Саҳми Тоҷикистон дар Ғалаба, чӣ дар ҷабҳаҳо ва ҳам дар ақибгоҳ бузург арзёбӣ мешавад.
Бар асоси оморҳо, Тоҷикистони шӯравӣ, ки он замон ҳамагӣ ҳудуди 1,5 млн нафар аҳолӣ дошт, наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба фронт фиристод, ки наздик ба 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд. Ҷумҳурӣ аз ҷумла ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ зиёда аз 1 млрд рубли шӯравиро интиқол дод.